Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Созишномаи молиявии грантии лоиҳаи «Рушди бозори неруи барқ ва ҳамоҳангсозии системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ дар доираи марҳилаи 1-уми равиши бисёрмарҳилаи барномавӣ» ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Созишномаи грантӣ 16 феврал аз ҷониби Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Раббаланд ба имзо расонида шуд.
Лоиҳа аз ҷониби Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шуда, барои Тоҷикистон маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 60 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудаанд.
Блоки рекламавӣ



