Телефонҳои мобилӣ муоширатро осон мекунад, аммо истифодаи аз ҳад зиёди он метавонад ба саломатӣ ва махсусан барои кӯдакон зараровар бошад.
Дар Шветсия дар байни 3500 хонандаи 37 мактаб таҳқиқот анҷом дода шуд. Он маълум намуд, ки манъи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо ба саломатӣ ва рафтори хонандагон ҳатто берун аз ҳудуди мактаб низ таъсири мусбат мерасонад.
Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани зарари телефон барои хонандагон ва донишҷӯён дар қонунгузорӣ якчанд меъёри манъкунанда муқаррар карда шудааст. Аз ҷумла, дар асоси қисми 10, моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ аз тарафи хонандагон ва донишҷӯён истифодаи телефони мобилӣ манъ аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь