Ҳавопаймои амрикоӣ бар асари садамае дар ҳарими ҳавоии Ироқ сарнагун шуда, шаш сарнишини он ба ҳалокат расидаанд.
Ситоди фармондеҳии Амрико, ки назорати амалиётро дар Ховари Миёна ба ӯҳда дорад, гуфт, ҳавопаймои KC-135 рӯзи 12-уми март дар ғарби Ироқ сарнагун шуд.
Ин навъи ҳавопаймоҳо барои пур кардани захираи маводи сӯхти ҳавопаймоҳои ҷангӣ ҳангоми парвоз истифода мешаванд.
Ба қавли ситод, ҳавопаймо ҳангоми ширкат дар амалиёти Эрон суқут кард, вале на оташи душман ва на оташи тасодуфии нерӯҳои ҳампаймон дар ин ҳодиса нақше надорад.
Низомиёни амрикоӣ рӯзи дуюми март хабар дода буданд, ки дар Қувайт се ҳавопаймои ҷангии F-15 бо оташи пойгоҳҳои зиддиҳавоии ин кишвар тасодуфан ҳадаф қарор гирифта, сарнагун гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь