Рӯйхати бемориҳое, ки монеи сафари одамон ба ҳаҷ мешавад, дароз мебошад. Бар асоси ин феҳраст, афроде, ки ба шаклҳои вазнини бемории гурда, бемории қалб, бемориҳои музмини шуш гирифторанд ё аз бемориҳои асаб азият мекашанд, наметавонанд ҳаҷ кунанд.
Гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ ва саратону ҳомиладорӣ дар моҳҳои ахир ҳам ба кас имкон намедиҳад, ки сафари ҳаҷ кунад.
Ба таъкиди мақомоти Арабистони Саудӣ, маҳдудиятҳои нав барои ҳифзи бехатарӣ ва сиҳатии зоирон гирифта шудааст.
Бо назардошти фавти зоирони зиёд дар солҳои пеш, Арабистони Саудӣ имсол тадбирҳои амниятиро сахттар кардааст, то аз маргумири зиёд дар маъракаи ҳаҷ пешгирӣ шавад.
Соли 2024 ба сабаби гармои сахт ва ҳарорати 51 дараҷа гармӣ, бештар аз 1300 зоир дар Арабистони Саудӣ ҷон супоридаанд.
Ҳар сол ба қавли мақомоти дахлдор, беш аз шаш ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мерафтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь