Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ зимни нишасти хабариаш гуфта буд, ки дар ноҳияи Носири Хусрав 40 дарсади дарахтоне, ки соли 2025 шинонида шуда буданд, хушк шудаанд. Аммо раиси ноҳияи Носири Хусрав Шарифзода Маҳмадаюб инро рад карда гуфт, ки 18 дарсади дарахтони шинонида дар соли 2025 хушк шудасту халос.
“Оморе, ки 40 дарсади дарахтони шинонидашуда дар ноҳияи Носири Хусрав хушк шудааст, иштибоҳ аст” – илова кард раиси ноҳия.
Дар нишасти матбуотӣ дар ин ноҳия сардори Шӯъбаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ дод, ки соли 2025 дар ноҳия 18 ҳазор дарахт шинонида шудааст, ки аз ин 1800 то 2000 ҳазораш хушк гардидааст, ки ин 18 дарсадро ташкил медиҳад.
Аммо Собирзода Қурбоналӣ дар нишасти хабарии худ иттилоъ дода буд, ки соли гузашта дар вилоят 717 ҳазору 800 дона ниҳол шинонида шуда буд, ки 132 ҳазораш яъне 23 дарсадаш хушк шудааст.
Ӯ гуфт, ки хушкшавии дарахтон дар ноҳияи Шаҳритус 40 дарсад, дарахтони Панҷ 40 фоиз, Носири Хусрав 40 дарсад ва шаҳри Бохтар 12 дарсадро ташкил медиҳад.
Масъулони ноҳияи Носири Хусрав дуруст мегуянд, ё Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон Собирзода Қурбоналӣ?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь