Барои аз наздик шиносоӣ пайдо кардан бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва назорати корҳои ободонӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода аз Ҷамоати деҳоти Ворух боздид ба амал овард. Ин сафар, ки меҳвари онро баррасии вазъи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа: маориф ва тандурустӣ, инчунин назорати сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ташкил медод, бори дигар собит намуд, ки рушди ин гӯшаи дурдасти кишвар дар маркази таваҷҷуҳи хоссаи давлату ҳукумат қарор дорад.
Дар ҷараёни боздид шаҳрдори Исфара аз муассисаҳои таълимии ҳудуди деҳа дидан кард. Шарифҷон Ҷумъазода дар муассисаҳои таълимӣ бо раванди таълиму тарбия ва сатҳи азхудкунии дониш аз ҷониби хонандагон шинос шуда, бо омӯзгорон суҳбатҳои самимӣ анҷом дод. Мавсуф таъкид дошт, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ танҳо насли босаводу соҳибҳунар метавонад заминаи пешрафти давлатро таъмин кунад. Ӯ аз ҷумла қайд кард:
-Ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз аз насли навраси имрӯза, ки дар ин боргоҳҳои илму адаб таълим мегиранд, вобастагии мустақим дорад. Аз ин рӯ, масъулини соҳаро зарур аст, ки тамоми кӯшишҳои худро барои муҳайё кардани шароити муосири илмомӯзӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои нав ва забонҳои хориҷӣ равона созанд.
Дар идомаи сафар Шарифҷон Ҷумъазода аз муассисаҳои тиббӣ дидан намуд. Ҳадафи асосӣ ошноӣ бо ҳолати хизматрасонии тиббӣ ба сокинон ва таъминоти муассисаҳо бо маводу таҷҳизоти зарурии тиббӣ буд. Зимни боздид аз бунгоҳҳои тиббӣ ва беморхона, роҳбарияти шаҳр ба сифати хизматрасонӣ ва муносибати кормандони соҳа бо беморон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
Ба масъулини соҳаи тандурустии шаҳр супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ин минтақаи дурдаст чораҳои таъхирнопазир андешанд. Таъкид гардид, ки ҳар як сокини Ворух бояд ба кӯмаки тиббии саривақтӣ ва босифат дастрасии комил дошта бошад.
Яке аз нуқтаҳои меҳварии сафари кории раиси шаҳр ин шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ҳудуди ҷамоат айни замон сохтмони як қатор иншоотҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла марказҳои хизматрасонӣ ва биноҳои иҷтимоӣ бомаром идома дорад.
Шарифҷон Ҷумъазода зимни суҳбат бо соҳибкорон ва сохтмончиён ба сифати корҳо ва риояи меъморӣ диққати махсус дода, иброз дошт, ки ҳамаи иншоотҳо бояд бо сифати баланд ва мувофиқ ба стандартҳои муосир бунёд гарданд, мӯҳлати иҷрои корҳо набояд ба сифати онҳо таъсири манфӣ расонад, иншоотҳои ҷашнӣ бояд ба ҳусни деҳа таровати нав бахшида, солҳои зиёд ба сокинони маҳаллӣ хизмат кунанд.
Дар маҷмӯъ, сафари кории иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара ба Ҷамоати деҳоти Ворух нишон дод, ки масоили иҷтимоиву иқтисодии ин минтақа дар маркази таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, нақшаҳои ободонӣ марҳила ба марҳила ва бо сифати баланд амалӣ мегарданд.

Шарифҷон Ҷумъазода дар Ворух
Блоки рекламавӣ


