Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шамшербозӣ байни наврасон дар ҳисоби даставӣ дар риштаи рапира дар Ҷоми Осиё оид ба шамшербозӣ байни наврасон, ки дар Тошканд баргузор гардид, соҳиби медали биринҷӣ шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин натиҷа дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин намуди варзиш маротибаи аввал мебошад. Ҷойи аввал ва дуюм насиби давлатҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар: Саъдия ва Сумая Муродоваҳо ва Аниса Насимова намояндагӣ карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь