Рӯзи шанбеи 11 апрел қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар қабули шаҳрвандон 31 нафар сокинон бо масоили гуногун ба роҳбарияти вилоят муроҷиат карданд.
Муроҷиатҳо асосан ба беҳтар намудани шароити манзил, ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, дастрасӣ ба кӯмаки моддӣ, мумфаршкунии роҳҳо, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншооти соҳаи тандурустӣ равона гардиданд.
Раиси вилоят бо ҳар як муроҷиаткунанда суҳбат карда, барои баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо ва ҳалли фаврии муроҷиатҳо ба муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ ва масъулини сохторҳои дахлдор, инчунин роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь