Ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Шаҳром Самиев аз ин баъд дар чемпионати Ироқ бозӣ хоҳад кард.
Дар хабар аст, ки Шаҳром Самиев ба дастаи пешсафи Ироқ «Ал-Карма» ҳамроҳ мешавад. Бошгоҳи нави Самиев дар айни замон дар зинаи дуюми ҷадвали Лигаи олии Ироқ қарор дорад. Шаҳром Самиев қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ», КМВА ва «Истиқлол», инчунин дар чемпионатҳои Молдова, Беларус ва Узбекистон бозӣ кардааст. Самиев аз соли 2019 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, дар ин муддат дар 47 бозӣ 13 гол задааст.
Блоки рекламавӣ



