Соли 2026 барои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши ҳифз, ҷамъоварӣ ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик бо рӯйдоди муҳим — ҷамъоварии як ганҷинаи сиккаҳои аҳди бостон оғоз гардид. Ин ганҷинаро як сокини маҳаллии ноҳияи Шаҳритус ҳангоми иҷрои корҳои заминдорӣ ёфтааст, ки дар дохили як кӯзачаи сафолӣ сиккаҳои зангзада буданд. Гурӯҳи таҳқиқотӣ аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии академия ба ноҳияи Шаҳритус рафта, ганҷина ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интиқол дода шуд. Дар ин хусус имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Дар натиҷаи омӯзиши ибтидоӣ муайян гардидааст, ки ганҷина зиёда аз 150 сиккаи мисии аҳди Кушониёнро дар бар мегирад. Аксари сиккаҳои ёфтшуда ба асри якуми милодӣ мансуб буда, бо фармони шоҳаншоҳи кушонӣ Вима Такту кӯбида шуда, таърихи 2000-сола доранд.
Ҳоло бозёфт мавриди омӯзиш ва таҳқиқи мутахассисони соҳаи сиккашиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ қарор дорад. Дар айни замон мутахассисону тармимгарони институт корҳои поккорӣ ва барқарорсозии ҳолати аслии сиккаҳоро анҷом медиҳанд. Баъди анҷоми ин марҳила таҳқиқоти ҳамаҷонибаи илмии ганҷина идома хоҳад ёфт.

Шаҳритӯс: Ганҷинаи сиккаҳои асри як кашф шуд
Блоки рекламавӣ


