Дар ноҳияи Шаҳритус барои 120 кӯдак муассисаи томактабӣ бунёд мешавад, ки Сарвазири кишвар ва раиси вилояти Хатлон аз рафти корҳои сохтмонии он дидан карданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Гулзори ноҳияи Шаҳритус бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои муассисаи томактабӣ барои 120 нафар кӯдак шинос шуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони муассисаи мазкур бо ҷалби маблағгузории сокинони маҳал барои 120 нафар кӯдак ба маблағи 2,4 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ ҷиҳати босифат бунёд намудани муассиса ва аз масолеҳи хушсифат истифода бурдан ба масъулон ва сохтмончиён дастуру супоришҳо доданд.

Шаҳритус: Барои 120 кӯдак кӯдакистон месозанд
Блоки рекламавӣ


