Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар доданд, зимни баргузории амалиёти санҷишӣ дар ноҳияи Шаҳритус муайян гардид, ки 20 нафар хонандагони МТМУ №1 дар вақти дарсӣ ба маркази компютерии “Кибер-Клуб” ташриф оварда, машғули бозии дорои хусусияти зӯроваридоштаи “Counter-Strike” будаанд.
Гуфта мешавад, маркази мазкур ба соҳибкор Камолов Азимҷон тааллуқ дошта, масъулин ба ноболиғон иҷозати воридшавӣ дар соатҳои дарсиро додаанд, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад.
Дар пайи ин ҳолат нисбати 20 нафар волидайн барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзандон тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуд. Ҳамзамон, тибқи моддаи 479 қисми 1-и ҳамин Кодекс нисбати роҳбари марказ — Камолов Азимҷон Ҳамидович, соли таваллудаш 1994, бо қарори суд ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь