Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ, Турдибоев Ҷавлон — сокини 26-солаи ноҳияи Шаҳристон дастгир карда шуд.
Номбурда санаи 5-уми феврали соли ҷорӣ, дар кӯчаи Р.Каримов бо ҳамсараш Оқилова Н., муноқиша намуда, бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қисматҳои гуногуни бадани номбурда зарба зада, ба ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Айни замон гумонбаршаванда Турдибоев Ҷавлон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ тибқи талаботи моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Блоки рекламавӣ



