Ин ҳодисаи мудҳиш дирӯз рух дод. Панҷ узви як оила, ки ба Душанбе сафар доштанд, бар асари бархӯрди мошинашон ба як мошини боркаши “Дулан” ҷони худро аз даст доданд. Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми сентябри соли 2025 дар километри 174-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи сабукрави электромобил рақами қайди давлатиаш 18-44 WA02, ки ба ронанда Муродов Амирбек Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан тааллуқ дошт, бо ҳамроҳии 4 нафар аъзои хонаводааш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар роҳ бо автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 20-20 РВ07, ки ба ронанда Азамов Ҷамолиддин таааллуқ дошт, бархӯрд.
Дар баробари бархӯрди шадиди ду мошин дар ҷойи ҳодиса таркиш ба вуҷуд омад. Ронанда ва ҳамсафаронаш дар макони ҳодиса ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора аз КҲФ ҶТ хабар доданд.
Ҳалокшудагони ин садама, ронанда ва падари хонавода 45-сола, модари хонадон 41-сола, ду духтар, ки яке 10 ва дуюмӣ 9 сол дошт ва писари панҷсола мебошанд.
Ронандаи 24-солаи мошини “Дулан” – истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан деҳаиКуйбеш бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонимарказии ноҳияи Шаҳристон интиқол дода шудаст.
Сабаби ин ҳодисаи фоҷеабор дақиқ нест, вале ба эҳтимоли зиёд метавонад суръати баланди ҳаракати мошинҳо бошад, ки ронандагон вақти рӯ ба рӯ омаданд аз уҳдаи идораи он набаромадаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таслият ба бозмондагони ҳалокшудагон як бори дигар ба ронандагон муроҷиат менамояд, ки ҳангоми сафари роҳи дур ва роҳҳои душворгузари кӯҳӣ қоидаҳои бехтарӣ ва амниятро ҷиддан риоя кунанд.

Шаҳристон: Ҳалокати панҷ нафар дар садама
Блоки рекламавӣ


