Якуми феврали соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Панҷакент Нақибӣ Парвина дар маросими ифтитоҳии 2-юмин Форуми ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунарҳо дар иқтисоди эҷодӣ”, ки аз 1 то 3 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт доир гардида истодааст, иштирок намуд.
Зимни чорабинӣ гӯшаи махсуси Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҳунари машҳури гулдӯзии сӯзанӣ омода гардида, он ҳамчун ҷузъи муҳимми ҳувият ва мероси фарҳангии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Қобили зикр аст, ки форуми мазкур ҷиҳати баррасии нақши ҳунарҳои мардумӣ дар таҳкими устувории иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ, рушди устувор ва навоварӣ, инчунин афзоиши аҳаммияти онҳо дар доираи стратегияҳои миллию минтақавии иқтисоди эҷодӣ равона гардидааст. Дар доираи чорабинӣ барномаи фарогири фарҳангӣ, ҳамзамон намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҷаласаҳои мубодилаи дониш бо иштироки ҳунармандон аз кишварҳои мухталиф баргузор мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи чорабинии мазкур тақвияти омӯзиши байниминтақавӣ, густариши муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории фарҳангӣ, инчунин таҳкими шабакаҳои байналмилалие мебошад, ки ба дастгирии ҷомеаҳои ҳунармандон, мутахассисони соҳаи эҷодӣ ва созмонҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ равона шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь