Алимов Раҳмиддин-ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Тайота”, аз ҷониби кормандони Маркази “Шаҳри бехатар” боздошт гардид.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда рақамҳои қайди давлатии 100OL03, ки ба дигар воситаи нақлиёт тааллуқ дорад, дар нақлиёти худ насб карда, мунтазам қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон мекард.
Аз ҷумла, номбурда оинаи пеши воситаи нақлиётро бо плёнкаи сиёҳ пурра рӯйпӯш (наповал) намуда, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудааст.
Ҳамзамон, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки рақамҳои 100OL03 дар дигар воситаҳои нақлиёт низ истифода гардида, бо ин рақам беш аз 80 қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст.
Айни замон воситаи нақлиёт дар ҷаримагоҳи муваққатӣ ҷойгир карда шуда, нисбати Алимов Р., тибқи талаботи моддаҳои 330 ва 313 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

“Шаҳри бехатар” сабаби боздошти қонуншикан гардид
Блоки рекламавӣ


