Дар ҷумҳурии Қирғизистон шаҳри Ҷалолобод ба шаҳри Манас иваз карда мешавад. Хароҷоти ин тасмим пас аз қабули қонун ба нақша гирифта шудааст. Раиси шаҳри Ҷалолобод Эрнисбек Ормокеев пешниҳод кард, ки номи шаҳр Ба Манас иваз карда шавад, вакилони шаҳр ин ташаббусро дастгирӣ кардаанд.
“Олимон шарҳи илмӣ ва далелҳое надоранд, ки маънои номи “Ҷалолобод”-ро тасдиқ кунанд, он ба ривоятҳо асос ёфтааст. Аз ин рӯ, мо мехоҳем номи онро ба Манас иваз кунем. Ҳама мебинанд, ки шаҳр чӣ гуна рушд мекунад, меъморӣ тағйир меебад. Ҳамаи ин ба идеяи тағйири ном оварда мерасонад, бинобар ин ман имрӯз бо чунин ташаббус баромад кардам”, – шарҳ додааст Ормокеев.
Тибқи тартиб, намояндагии ваколатдори вилояти Ҷалолобод лоиҳаи қонунро таҳия мекунад ва онро барои баррасӣ ба парлумон мефиристад. Инчунин ташаббус аз муҳокимаи ҷомеа мегузарад. Агар парлумони ҶҚ лоиҳаро тасдиқ кунад, ҳуҷҷат барои имзо ба Президент фиристода мешавад.
Хароҷоти тағйири ном ҳанӯз ҳисоб карда нашудааст ва онро пас аз қабули қарор дар бораи тағйири ном эълон карданианд.

Шаҳри Ҷалолобод ба номи Манас гузошта мешавад
Блоки рекламавӣ


