20 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисмати шимолии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП Сантайлс (Suntiles) бо зиёда аз 650 ҷойи корӣ оғоз бахшиданд ва ба бунёди 3 корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд.
Бо омода шудани се корхонаи дигар, ки санги асосашон ҳамакнун гузошта шуд, шумораи коргарон дар ин шаҳрак ба наздики 1200 кас хоҳад расид, ки аз онҳо беш аз 300 кас занону духтарон хоҳанд буд.
Таъкид бояд намуд, ки маоши коргарон аз 4500 то 12000 ҳазор сомонӣ аст.
Се корхона, ки дар шаҳраки нави саноатӣ ба кор дароварда шуд, бо харҷи қариб 800 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нави соҳа ва аз ҷиҳати экологӣ безарару бехатар бунёд ёфтаанд.
Маблағи умумӣ барои ин се корхонаи фаъолгардида ва се корхонаи дигар, ки дар муҳлати кӯтоҳ сохта хоҳанд шуд, наздики 2 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод.
Аз 3 корхонаи фаъолшуда якумаш бо ду хатти технологию истеҳсолӣ барои тавлиди сафолаку кошинҳо ва серанит омода шудааст, ки маҳсулоташ ивазкунандаи воридот ва ҳам ба содирот нигаронида мебошад.
Иқтидори истеҳсоли сафолаку кошин ва серанит дар корхона дар як сол 6 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки 3 миллиону 500 ҳазор метри мураббаъ серанит мебошад.

Шаҳраки нави саноатӣ дар Душанбе
Блоки рекламавӣ


