13 ноябри соли 2017 дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» идораи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз» ба фаъолият оғоз намуд. Ин шабака 16 ноябри соли 2021 ба Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» тағйири ном кард, ки то имрӯз фаъолияти пурсамар дорад.
Ҳадафи таъсиси шабакаи нави мусиқӣ рушд додани мусиқии миллӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳунармандон ва сарояндагони тоҷик мебошад.
Телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» бо таҷҳизоти рақамӣ муҷаҳҳаз буда, ҳаҷми пахши барномаҳои он 24 соат аст. Ин шабака ба моҳвора пайваст мебошад ва барномаҳои онро метавонанд дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон тамошо намоянд. Он дар дигар давлатҳо ба воситаи ширкатҳои кобелӣ, ба воситаи моҳвора, инчунин ба воситаи интернет дар фармати HD пахш мегардад.
Дар айни замон аз ҷониби кормандони ин муассиса беш аз 30 барномаи фарҳангӣ-маърифатӣ ба тамошобинон пешниҳод мегардад. «Мондагор», «Фуруғи Шашмақом», «Истеъдод», «Набзи наво», «Шиносномаи ҳунар», «Садои ошно», «Эъҷози эҷод», «Дилошно, «Чеҳра», «Навоҳанг», «Ситораи ҷаҳон», «Даргоҳи ҳунар», «Истеъдодҳои ҷаҳон», «Файзи Истиқлол», «Оҳанги зиндагӣ», «Шукуҳи истиқлол», «Рози наво», «Шоми Шаҳнавоз», «Хушзеҳн», «Ангора», «Мутриби хушнаво», «Дилангез», «Руҳафзо», «Савти Фалак» аз ҷумлаи барномаҳое мебошанд, ки дар байни тамошобинон маҳбубияти зиёд доранд.
Моҳинави НАВРӮЗ, “Ховар”

«Шаҳнавоз» чорсола шуд!
Блоки рекламавӣ


