Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ҶДММ «Спектр»-и Федератсияи Русия филми нави муштараки ҳунарӣ бо номи «Шабаҳе дар зулмот» таҳия ва ба навор гирифта мешавад.
Ин масъала 11 феврал зимни мулоқоти директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён бо директори генералии ҶДММ «Спектр» Максим Михайлович Валянов баррасӣ гардид.
Коргардони филм Румӣ Шоазимов буда, наворбардории он (соли 2026) дар шаҳрҳои Душанбе, Истиқлол, дараи Варзоб ва дигар мавзеъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия сурат мегирад.
Дар ҷараёни наворбардорӣ аз пойгоҳи техникӣ ва истеҳсолии «Тоҷикфилм» истифода хоҳад шуд ва ҳунармандони тоҷик низ дар филм нақш меофаранд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ширкати «Спектр» омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо «Тоҷикфилм» дар доираи татбиқи лоиҳаҳои нави синамоӣ изҳор намуданд.
Барориши филм ба иҷораи синамоӣ соли 2027 дар назар дошта шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь