Дар ин бора муовини директори департаменти иттилоот ва матбуоти вазорати корҳои хориҷии Руссия Алексей Фадеев хабар додааст: “Бале, ман метавонам иштироки Сергей Викторович Лавровро дар ин чорабинӣ, ки рӯзи ҷумъа дар Аляска баргузор мешавад, тасдиқ кунам” – гуфтааст ӯ дар брифинги рӯзи чоршанбе.
Кремл ва Кохи Сафед ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки Президенти Руссия Владимир Путин ва Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 15 август дар Аляска мулоқот хоҳанд кард. Сухангӯи кохи Сафед Каролин Левитт рӯзи сешанбе гуфтааст, ки мулоқот дар Анкориҷ баргузор мешавад. CNN бо истинод ба мансабдороне аз кохи Сафед, ки аз зикри номашон худдорӣ кардаанд, гуфтааст мулоқот дар пойгоҳи низомии “Элмендорф-Ричардсон”баргузор мешавад.
Блоки рекламавӣ