Идораи миллии мубориза бо ҳодисаҳои табиӣ дар ҳукумати Толибон* рӯзи 30 март эълон кард, ки дар натиҷаи борон, селу лағзиши кӯҳ 27 нафар ҳалок шуданд.
1130 хона қисман вайрон шуда, 92 километр роҳ ва беш аз 900 гектар заминҳои кишт осеб дида ва 244 сар ҳайвон нобуд шудаанд.
Дафтари расонаҳои вилояти Нангарҳор рӯзи 30 март гуфтааст, ки дар чанд ноҳияи ин вилоят дар натиҷаи борони сахти шаби якшанбе ду тан ҳалок шуда, 12 тани дигар захмӣ шудаанд ва 27 хона вайрон шудааст.
Бинобар ҷорӣ шудани сел, баъзе аз шоҳроҳҳои муҳими нақлиётии Афғонистон, аз ҷумла, Бодғис-Форёб баста мебошад ва кор барои бозкушоии ин шоҳроҳ идома меёбад.
“Толибон”* – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон
Блоки рекламавӣ



