Субҳи барвақти 23-юми июл дар километри 254-уми шоҳроҳи М-5 «Урал» дар вилояти Уляновски Русия садамаи нақлиётӣ рух дод, ки боиси ҳалокати се мард ва ҷароҳат бардоштани шаш нафари дигар, аз ҷумла як кӯдак гардид, хабар медиҳад Диёр HD.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, бо истинод ба Маркази идоракунии буҳронии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия, микроавтобуси Hyundai, ки мусофир дошт, бо мошини боркаши КамАЗ, ки дар канори роҳ истода буд, бархӯрд. Дар натиҷа, се шаҳрванди Тоҷикистон А. Мардонов (с.т. 1993), Н. Карамхудоев (с.т. 1997) ва А. Саидов (с.т. 1991) дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Шаш нафари дигар, аз ҷумла занон ва як кӯдак, ба бемористон интиқол дода шуданд.
Блоки рекламавӣ