Ба хотири баргузории нишасти сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон, бархе бозору марказҳои савдои шаҳри Душанбе давоми се рӯз – 8, 9 ва 10-уми октябр, баста мегарданд. Дар ин бора қарорҳои шаҳрдории Душанбе ва Раёсати корҳои дохилӣ дар пойтахт қабул шудаанд.
Бар асоси ин қарорҳо, бозорҳои “Корвон”, “Корвон-плюс”, “Ховарон” “2927”, “Кӯшониён”, “Фаровон” ва “Балх”, инчунин, марказҳои савдои “Панҷшер”, “Ганҷина”, “Садбарг”, “Файёз-2015“, Варзоб ТҶ” ва “Кавсар”-и шаҳри Душанбе се рӯз кор намекунанд.
Дар бозори “Саховат” рӯзи 11-уми октябр ва дар бозори “Меҳргон” рӯзи 13-уми октябр рӯзҳои беҳдоштӣ эълон гардидааст.
Раёсати милисаи пойтахт гуфтааст, ин кор “бо мақсади таъмини амнияти меҳмонон ва пешгирии тамбашавӣ” сурат мегирад.

Се рӯз бозорҳои Душанбе баста мешаванд
Блоки рекламавӣ


