Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон панҷ шаҳрванди Чин ва ду шаҳрванди Афғонистонро барои гузаштан аз сарҳад ва кӯшиши заршӯйӣ дар хоки Тоҷикистон ҷазо доданд. Онҳо моҳи майи соли 2025 дастгир шуда буданд. Додситони ноҳия гуфтааст, таҳқиқ ва муҳокимаи парвандаашон ба поён расид:
“Шаҳрвандони Афғонистонро ҳангоми убури сарҳад дастгир карданд. Парвандаи ҷиноӣ аз сӯйи КДАМ дар минтақаи Кӯлоб боз шуд. Бар асоси моддаи 335, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ. Парванда баррасӣ шуда, нисбат ба онҳо ҳукми суд (додгоҳ) содир шудааст,” – хабар додааст Абдулфайз Холиқзода, додситони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.
Дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтаанд, ки шаҳрвандони Чин ҷарима шуда, ду шаҳрванди Афғонистон 12 сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд. Андозаи ҷаримаи чиниҳо маълум нест.
Ин афрод баҳори соли гузашта ва дар замоне дастгир шудаанд, ки аз он сӯи Ому ва бо нақшаи заршӯйӣ ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд. Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтанд, онҳо бо худ се экскватор доштанд:
“Экскваторҳо мусодирашуда, ба фоидаи давлат дода шуданд. Дар онҷо ҳафт нафар буданд”- изҳор дошт прокурори ноҳия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь