30 март Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро, ки бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахустин иншооте, ки дар ин рӯз ифтитоҳ гардид ин коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз мебошад.
Иншооти мазкур дар ҳудуди деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати 2,0 гектар замин бунёд гардида, аз иншооти истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад. Коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, раванди истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи парандапарварии Илёс бо иқтидори истеҳсоли 500 тонна гўшти паранда дар як сол оғоз бахшиданд. Ин коргоҳи истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бунёд гардида, аз ду бинои асосии истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад.
Биноҳои истеҳсолии коргоҳ барои парвариши то 40 ҳазор сар парранда пешбинӣ гардидаанд. Дар корхона шароити муосири нигоҳубин, ғизодиҳӣ ва парвариши парандаҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳоло, дар коргоҳ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии соҳибкори инфиродӣ Сино Раҳимов бо иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти паранда дар як сол ва 10 ҷойи корӣ дар деҳоти Оббурдон аз иқдомҳои навбатии соҳибкорон мебошад.
Бояд зикр намуд, ки иншоот аз биноҳои истеҳсолӣ, маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат аст.

Се иншооти истеҳсолӣ аз ҳисоби соҳибкорони мастчоҳӣ
Блоки рекламавӣ


