7-уми декабри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Асроров Фаррух Нодирович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи Айнӣ ба самти ҷамоати деҳоти Патари шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Умаров Ҳусейнбой, соли таваллудаш 1953, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Умаров Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
7-уми декабри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Юлдошев Фирдавс Ғафурҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Росровути ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Қодирова Садорат Қобиловна, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳия мазкурро, ки дар кӯча ба ҷомашӯӣ машғул буд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Қодирова С.Қ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
7-уми декабри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи «Газ-28180», Мирзоев Ортиқҷон Эгамбердиевич, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” дар ҳудуди деҳаи Аҳоруни ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Назаров Соат Миртазоевич, соли таваллудаш 1963, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Назаров С.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь