Мақомоти милиса се ҷавондухтари гумшударо пайдо карда, ба волидонашон баргардониданд. Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар дода, гуфтаанд, ки ин духтарони дар ноҳияи Хуросон гумшуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо кардаанд.
Хабари гум шудани ин се ҷавондухтар охири ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Наздикони онҳо бо гузоштани аксу навор аз мардум хоҳиш карда буданд, то барои пайдо намудани онҳо кӯмак намоянд.
Мақомот мегӯянд, Зуҳрои 16-сола ва Сумани 17-сола, хонандагони синфҳои 10 ва 11, рӯзи 4-уми сентябр ба мактаб рафта, ба хона барнагаштанд. Ба иттилои сарчашма, онҳо бо нафари сеюм бо номи Нозия Ёрзодаи 18-сола, сокини ҳамин ноҳия ғайб зада будаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ин духтаронро, ки дар ноҳияи Хуросон гум шуда буданд, кормандони онҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо карданд.

Се духтари гумшуда пайдо шудаанд
Блоки рекламавӣ