Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон се додраси кишварро ба сабаби «содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад» аз мақомҳояшон барканор кардаанд. Сарвари давлат фармонеро дар ин бора рӯзи 17-уми декабр имзо кардаанд.
Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон, ки дафтари матбуоти Президент нашр кард, омадааст: «Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд, Самандари Қаландар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, Давлатзода Нозим Исрам аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.»
Маълум нест, ки се додрас, бо чӣ кор, ё рафторашон шаъну эътибори додрасро дар Тоҷикистон паст зада бошанд, аммо дар гузашта баъди ингуна фармонҳои Президент додрасҳоро барои ришвахорӣ ба додгоҳ кашида ва ҷазо додаанд. Фақат дар соли 2025 ин чаҳорумин додрас мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон онҳоро аз мақомҳояшон барканор мекунанд. Моҳи январ Мирзо Одиназода, додраси додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанберо бо айни сабаб аз кор ронда шуда буд.

Се додраси тоҷик аз мақомоти судӣ ронда шуданд
Блоки рекламавӣ


