Аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, аз даъват ва ҷараёни хизмати ҳарбии ин се нафар аллакай ду ҳафта сипарӣ гардид. Дар ин давра бо дастури Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода гурӯҳи эҷодии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо намояндагони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки бо падару модари Ҳасан, Ҳусейн ва Абдуқодир Абдуқодировҳо аз наздик шинос шаванд.
Ин оила дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен умр ба сар мебарад.
Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №14-и ноҳияи Спитамен имсол Ҳасан ва Ҳусейн бо маслиҳати падару модар тасмим мегиранд, ки аввал хизмати ҳарбиро ба ҷо оранд ва баъдан ба яке аз муассисаҳои олии касбии мамлакат дохил гардида, соҳибмаълумот шаванд. Абдуқодир соҳиби маълумоти касбӣ аст.
Ҳамин тавр, пас аз маслиҳату машварати падару модар се бародар бо тартиби муқарраргардида ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен даъват карда мешаванд.
Бо ҳозир гардидан ба комиссариати ҳарбӣ онҳо ҳамаҷониба аз омӯзиши пешакӣ ва комиссияи тиббии ноҳиявӣ гузашта, ба нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ ҳозир мегарданд ва баъд аз омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба аз ҷониби комиссияи даъватии вилоятӣ хоҳиши даъватшавандагон Абдуқодировҳо дар бораи дар як қисми ҳарбӣ хизмат намуданашон қонеъ гардонида мешавад. Онҳо барои ба ҷо овардани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешаванд.
Баъд аз зиёфати сарбозӣ аҳли хонаводаи Абдуқодировҳо бо роҳнамоии афсари самти корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ бо ҳудуд ва атрофи қисми ҳарбӣ шинос гардида, ҷойи хизмат, шароити буду бош, хобгоҳу ошхонаи сарбозӣ ва дигар шароиту имконияти барои хизмати ҳарбии фарзандони сарбозашон пешбинигардидаро диданд.

Се бародар дар Спитамен ба хидмат рафтанд
Блоки рекламавӣ


