Ширкати арабистонӣ мехоҳад дар Тоҷикистон истгоҳҳои тавлиди барқи офтобӣ ва бодӣ роҳандозӣ кунад.
Валид Абдурраҳмон ар-Рушайдон, Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, ширкати ACWA Power музокирот бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистонро оғоз кардааст.
Сафир умедворӣ кардааст, ки ин ширкати арабистонӣ дар ояндаи наздик барои насби истгоҳҳои барқии офтобӣ ва бодӣ ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Ҷузъиёти бештар дар бораи музокироти ширкати ACWA Power бо мақомоти Тоҷикистон феълан маълум нест.
ACWA Power яке аз ширкатҳои бузургтарини тавлиди нерӯи барқ дар Арабистони Саудӣ аст, ки дар бархе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, аз ҷумла Ӯзбекистон кор мекунад.
Блоки рекламавӣ



