25-уми июл сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалии экологӣ дар минтақаи Олтойи Федератсияи Русия иштирок ва суханронӣ кард.
«Дар заминаи ин талошҳо бояд гуфт, Тоҷикистон солҳост, ки рӯзномаи обу иқлимро дар арсаи байналмилалӣ муваффақона пеш мебарад. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 қатъномаи дахлдор қабул гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалии об заминаи устувор гузоштаанд. Ин қарорҳо ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки ба Рӯзномаи 2030 дохил карда шудаанд, равона гардидаанд»,- иброз дошт сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.
Бо ёдоварӣ аз манбаи асосии захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ будани пиряхҳои Тоҷикистон таъкид гардид, ки бо ташаббуси давлати мо соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон карда шуд.
Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 10 гектар «Маркази барқарорсозии бабри барфӣ» таъсис ёфта, дар ин самт Тоҷикистон бо Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ҳамкории зич дорад.
Ба таъкиди Қоҳир Расулзода, барои ҳифзи табиат дар баробари тадбирҳои андешида ҳамзамон бояд маърифати экологӣ тақвият дода шуда, минтақаҳои муҳофизатшаванда ташкил ва барномаҳои барқарорсозӣ татбиқ гарданд, инчунин идоракунии устувори захираҳои табиӣ ба роҳ монда шаванд. Ба гунаи мисол метавон чанд объекти муҳофизатшавандаи кишварро ном бурд, ки аз онҳо Боғи миллии Тоҷикистон ва мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудаанд.
Дар анҷоми суханронӣ Қоҳир Расулзода изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории зичи кишварҳо метавонад муборизаро барои ҳифзи захираҳои табиӣ пурқувват намуда, амнияти экологиро тақвият бахшад.