Дуюми март, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳи мошингарди дохили деҳаи Пахтакори деҳоти Даштигулоро мавриди истифода қарор доданд.
Роҳи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, ба беҳдошти вазъи роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллидошта равона шудааст.
Тибқи иттилоъ, дарозии роҳ 3530 метрро ташкил дода, деҳаи Пахтакорро ба роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархор пайваст менамояд. Корҳои сохтмонӣ аз аввалҳои моҳи июни соли 2025 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида, бо маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пурра ба анҷом расонида шудааст.
Паҳноии роҳ 5 метрро ташкил дода, он бо ғафсии 8 сантиметр мутобиқ ба талаботи муосири роҳсозӣ мумфарш гардид.
Зимни ифтитоҳи роҳ Сарвазири мамлакат иқдоми соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки чунин корҳои ободониву созандагӣ дар арафаи ҷашни миллӣ далели равшани ҳисси баланди ватандӯстии сокинон мебошад.
Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бунёду навсозии дигар роҳҳои маҳаллӣ низ идома дошта, татбиқи онҳо ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Сарвазири кишвар дар Ҳамадонӣ
Блоки рекламавӣ


