Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт шинос шуд.

Сарвазири мамлакат бо сохтмони хонаҳо барои оилаҳои аз заминларза зарардида дар наздикии деҳаи Сабзазори Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ шинос гардид. Дар деҳаи навбунёд сохтмони 36 хонаи истиқоматӣ идома дошта, сохтмон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Қоҳир Расулзода дар деҳаи Бӯстон 6 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои пурра зарардида ва 3 хонаи истиқоматӣ барои оилаҳои қисман аз офати табиӣ зарардидаро ба истифода дод. Дар 26 хонаи истиқоматӣ сохтмон идома дорад. Дар деҳаи Саричашма сохтмони 4 хонаи истиқоматӣ ба наздикӣ ба анҷом мерасад.

Дар деҳаи Кӯли Калони ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин хонаҳои истиқоматӣ ба 9 оилаи пурра зарардида ва 2 оилаи қисман аз офати табиӣ зарардида ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар 32 хонаи дигар идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь