23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст корхонаи хишти Данғараро ифтитоҳ намуданд.
Тавре иттилоъ доданд, иншооти саноатӣ аз ҷониби Ширкати ватании «Тоҷвар» сохта шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 120 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил намуда, дар он 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Хишти ин корхона бо таҷҳизоту технологияи муосири даврзананда истеҳсолу пухта мешавад.
Истифодаи 3 намуди ашёми хом — хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт дар корхонаи нави саноатӣ имкон медиҳад маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад.
Ҳудуди умумии корхонаи хишт 12 гектарро ташкил медиҳад ва тавре мутахассисон иброз доштанд, маҳсулоти хоми табиии мавзеъ, метавонад барои пешбурди фаъолияти муназзами корхона солҳои зиёд хизмат расонад.
Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ барои бунёди ҳамин гуна як корхонаи калон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо иқтидори 36 миллион дона хишт дар як сол асос гузоштанд.
Корхонаи саноатӣ дар давоми як сол сохта шуда, дар он 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара
Блоки рекламавӣ


