Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, Рустам Раҳмонзода, сармеъмори пешини ноҳияи Рӯдакӣ “пас аз ҷуброни зарар” аз боздошт раҳо шудааст.
Рустам Раҳмонзода моҳи августи соли гузашта бо иттиҳоми гирифтани наздик ба 2 миллион сомонӣ пора аз соҳибкорон боздошт гардид.
Сулаймон Султонзода рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии Оҷонсии мубориза бо фасод гуфт, Раҳмонзода барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди баландошёна аз се ширкат 1 миллиону 80 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст, вале “зарарро ҷуброн кардааст.”
Қонунгузории Тоҷикистон ба афроде, ки ба ҷиноятҳои иқтисодӣ гумонбар мешаванд ва “зарари расонида”-ро ҷуброн мекунанд, раҳоӣ аз боздошт пешбинӣ шудааст, вале ин банди қонун на ҳамеша нисбат ба ҳама татбиқ мешавад.
Маъмулан, дар чунин парвандаҳо бо вуҷуди раҳоии боздоштшудаҳо пас аз “ҷуброни зарар” онҳо гунаҳкор эълон мешаванд ва ҳаққи кор дар ниҳодҳои давлатиро барои чанд сол надоранд.

Сармеъмор пас аз “ҷуброни зарар” аз боздошт раҳо шуд
Блоки рекламавӣ


