Cоҳибкорон дар минтақаи Кӯлоб аз мақомот хостаанд, то иҷозат диҳанд аз Афғонистон чорвои зинда ворид кунанд. Ин дархости соҳибкорон қабул шуда, мақомот дар назди гузаргоҳҳо нуқтаи махсуси беҳдоштӣ сохтаанд. Дар ин нуқтаҳо чорвои зинда аввал аз ташхис мегузарад ва баъд ба Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ҳоло дар минтақаи Кӯлоб ду гузаргоҳ ва як бозори наздимарзӣ фаъол ҳастанд. Гузаргоҳи “Кокул” дар Фархор ва гузаргоҳу бозори наздимарзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.
Блоки рекламавӣ



