Мансабдорони минтақаҳои сарҳадии вилояти Суғд гуфтаанд, ивази манзилу замин бо Ҷумҳурии Қирғизистон қариб ба анҷом расид. Масъулон гуфтаанд, ки аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон иншооти бештар гузаштааст ва мушкилот дар ин самт вуҷуд нахоҳад дошт.
Дар ин бора масъулони шаҳру навоҳии вилояти Суғд хабар додаанд, ки дар гузашта бо ҳамсоякишвари Тоҷикистон бар сари замину обу чарогоҳу роҳ баҳс мекарданд. Намояндагони ҳукумати Исфара ва дигар масъулони мақомоти маҳаллӣ ҳафтаи ҷорӣ дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфтаанд, ки аз ҳудуди вилояти Бодканд тибқи тақсимот манзилу иншооти хизматрасонии бештар ба ихтиёри шаҳр гузаштааст.
Некрӯз Отабеков, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи шаҳри Исфара дар нишасти матбуотӣ гуфт:
“Аз ҷониби Тоҷикистон ҳамагӣ 330 иншоот ба ҷониби Қирғизистон гузашт. Аз инҳо 301 ҳавлӣ ва 29 иншооти ҷамъиятӣ. Аз ҷониби Қирғизистон 340 иншоот ба мо гузашт. Аз ин 310-тоаш манзили истиқоматӣ ва 30-тоаш иншооти иҷтимоӣ аст. Агар дар байни инҳо аз ҷониби мо мактабу бунгоҳҳои тиббӣ гузашта бошад ҳам, дар ивази он дар деҳаи Достук як мактаби замонавӣ ба ҳудуди мо гузаронида шуд. То имрӯз фаъолияти худро оғоз кардаанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь