Дастаи “Сардор”-и шаҳри Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025, ки аз рӯйи натоиҷи ду бозии гузаришӣ (2:2 ва 2:0) тими “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъро мағлуб кард, дар мавсими оянда дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Ғолибият дар бозиҳои гузаришӣ барои дастаи “Сардор” зери раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дастоварди таърихӣ гардид. Ин дастаи футболи шаҳри Турсунзода, ки соли 2022 таъсис ёфтааст, бори аввал дар таърихи худ дар Лигаи олии Тоҷикистон иштирок мекунад.
Тими «Ҳулбук»-и Восеъ, ки бо 13 имтиёз дар мусобиқоти имсолаи лигаи олӣ дар зинаи 11-ум ҷойгир шуд, бо дастаи «Сардор»-и Турсунзода, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи якум, барои боқӣ мондан дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом дод.
Ҳарду бозии гузаришӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Бозии аввали ин дастаҳо 7-уми декабр бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Бозии дуюм ва тақдирсоз 10-уми декабр доир гардид. Замони асосӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид. Барои муайян кардани ғолиб замони изофа (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин шуд. Голҳои Рустам Давлатов дар дақиқаи 97-ум аз пеналти ва Алиакбар Узоқов (120+3) ба “Сардор” бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ овард.
Ҳамин тариқ, «Сардор» дувоздаҳумин дастае шуд, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон-2026 ширкат меварзад.
Дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолуддини Балхӣ, ки бо 12 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти имсола зинаи охиринро ишғол кард, лигаи олиро тарк кард. Ба ҷойи “Панҷшер” соли оянда дар мусобиқоти лигаи олӣ тими “Парвоз”-и Фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар лигаи якум ғолиб шуд, ширкат менамояд.

“Сардор” ба лигаи олӣ баромад
Блоки рекламавӣ


