Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, кушта шудани як сарбози ин кишварро дар Курдистони Ироқ тасдиқ кард.
Вай 13-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки”як узви нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса дар ҷараёни ҳамла дар Арбили Ироқ кушта шуд”.
Ин нахустин низомии фаронсавӣ аст, ки аз замони оғози ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон кушта шудааст.
Президенти Фаронса ҳамчунин навиштааст, ки чанд низомии дигар ҳам захмӣ шудаанд.
Пештар артиши Фаронса аз захмӣ шудани шаш низомии ин кишвар дар пайи ҳамлаҳои паҳподӣ ба пойгоҳи нерӯҳои фаронсавӣ дар Арбил хабар дода буд.
Блоки рекламавӣ



