“Руссия ва Украина ҷасадҳои низомиёнашонро иваз карданд”, – гуфт намояндаи гурӯҳи ҳамоҳангсозии парлумонӣ оид ба масъалаҳои амалиёти низомӣ Шамсаил Саралиев ба РБК.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Руссия 31 ҷасад, ҷониби Украина 1000 ҷасад цабул карданд. Ҷонибҳо бори охир 18 сентябр ҷасади кушташудагонро иваз карда буданд, Он вақт Украина ҳазор ҷасад, Русия 24 ҷасад қабул намуда буданд.
Дар бораи табодули ҷасади сарбозони кушташуда бо формулаи 6000 ба 6000 Русия ва Украина дар музокирот дар Истамбул мувофиқа карданд. Он дар якчанд марҳила гузаронида шуд. 23 июл ёвари Президент Владимир Мединский гуфта буд, ки Руссия беш аз 7 ҳазор ҷасади хизматчиёни ҳарбии Украинаро супоридааст.
Блоки рекламавӣ



