Пас аз манъи фаъолияти муҳоҷирон дар ширкатҳои таксиронӣ дар Санкт-Петербург, садҳо зодаи Тоҷикистон бекор мондаанд.
Ҳукумати Санкт-Петербург аз 8-уми ноябри имсол шаҳрвандони хориҷиро аз ҳаққи рондани таксӣ маҳрум сохт. Бар асоси ин қарор, ҳоло ҳазорон муҳоҷир бахусус аз Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Молдова ва Украина бекор мондаанд.
Чанде аз ронандагони тоҷик рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки аз 7-уми ноябр ширкатҳои таксӣ дастрасии онҳоро ба барномаашон қатъ кардаанд.
Яке аз ин муҳоҷирон, ки 5 сол боз дар ширкати “Яндекс-Такси” кор мекардааст, гуфт, ҳамроҳи ӯ беш аз 1100 муҳоҷири тоҷик фаъолият мекарданд ва аз охири ҳафтаи гузашта тақрибан 40 дарсади онҳо ночор ба ватан баргаштанд.
Блоки рекламавӣ



