Додгоҳи ноҳияи Сангвор сокини ноҳияро бо гуноҳи “тарбияи нодуруст” ва носкашии писараш 1000 сомонӣ ҷарима баст.
Дар баёнияи расмии додгоҳ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, ки сокини ноҳияи А.С.Ш бар хилофи қонун «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбат ба таълиму тарбияи фарзанди 17-солааш беэътиноӣ зоҳир кардааст ва “ӯ аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, ба истеъмоли маҳсулоти тамоку(нос) машғул шуда, онро бо худаш гирифта гаштааст.”
Бар асоси ин қонун падару модар дар Тоҷикистон уҳдадоранд, ки монеи тамокукашии фарзандони ноболиғашон шаванд ва нагузоранд, ки кӯдак ба муассисаи таълимӣ ҳаргуна маҳсулоти тамоку биёрад. Барои ҳамин додгоҳи Сангвор сокини ин ноҳияро бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дода ва ба ӯ амр додааст, ки ба фоидаи давлат 1125 сомонӣ ҷарима супорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь