Имрӯз, 29-уми июл, се ҷавони деҳаи Сангистони ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Ғаффоров Рамзидин, Ғаффоров Абдуғаффор ва Фатҳуллоев Муҳсин дар Федератсияи Русия ба таври мармуз ҷон додаанд.

Ин хабарро дар сафҳаи фейсбкии худ Дӯстум Музаммадзода гузошта, инчунин гуфтааст, онҳо ба Русия барои ризқу рӯзӣ, бо ормонҳои ҷавонӣ ва бо нияти ёрӣ ба хонавода рафта буданд, вале фоҷиа онҳоро аз миёни мо бурд. Ӯ ҷавонони фавтидидаро чунин, ввасф кардааст, ки Ғаффоров Рамзидин, ҷавоне бо нияти пок, меҳнатдӯст ва мутавозеъ, аз аввалинҳо шуда роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт. Ғаффоров Абдуғаффор, ҷавони дигаре, ки хоксорӣ ва садоқат аз чеҳрааш пайдост, орзуҳои зиёд дар сина дошт. Фатҳуллоев Муҳсин, ҷавоне бохирад ва муҳаббати беинтиҳо ба оила ва мардумаш, хушмуомила буд.

Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор то ҳол дар ин бора хабари расмӣ дода нашудааст…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь