Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон бо иштирок ва дар ҳузури Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон 24 март дар шаҳри Ҷиззах Форуми дуюми байниминтақавии “Тоҷикистон — Узбекистон” баргузор гардид, ки аз руи натиҷаи он як қатор созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расид.
Созишномаҳои сармоягузорӣ, шартномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкории имзошуда соҳаҳои коркарди саноатӣ, истеҳсоли нассоҷӣ, бахши агросаноатӣ, таъминоти масолеҳи сохтмонӣ, рушди бахши хизматрасонӣ ва татбиқи рақамикунониро фаро мегиранд.
Сарони ҳарду давлат бо назардошти мувофиқаҳои имрӯз ҳосилшуда ва имконоти мавҷудаи рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла, изҳори бовар намуданд, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба 2 миллиард доллари амрикоӣ аллакай то соли 2028 расонда мешавад.

Санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Блоки рекламавӣ


