24-26 октябр дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни собиқадорон доир гардид. Дар ин мусобиқа собиқадорони самбои Тоҷикистон соҳиби 10 медал шуданд.
Аз рӯи шарти чемпионат, дар мусобиқа паҳлавонони синнашон аз 35 боло ширкат карданд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон Хайрулло Назриев дар вазни +98 кг дар категорияи М6 ва Нодир Чоршанбиев дар вазни то 88 кг дар категорияи М5 сазовори медали тилло шуданд.
Хушнуд Сафоев дар вазни то 98 кг дар категорияи М2 медали нуқра гирифт.
Расул Ҳодизода дар вазни то 71 кг дар категорияи М7, Тиркаш Авғонов, Фарҳод Ризозода дар вазни то 98 кг дар категорияи М6, Шариф Қурбонов дар вазни +98 кг дар категорияи М5, Муҳаммад Маҳмарасулов дар вазни то 64 кг дар категорияи М3, Замонҷон Умаров дар вазни то 71 кг дар категорияи М2 ва Алишер Ғарибшоев дар вазни 79 кг дар категорияи М1 соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь