20 октябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иштирок намуд.
Дар Маркази сайёҳии «Silk Road Samarkand» ҷаласаи васеи вазирони мудофиаи кишварҳои дӯсту бародар баргузор гардид. Мулоқот бо паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт.
Дар нахустин мулоқоти вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, тавсеаи ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникӣ байни кишварҳо, инчунин бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва густариши робитаҳои мутақобили судманд мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.
Вазирони мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамзамон дар машқҳои муштараки минтақавии «Ваҳдат – 2025», ки дар машқгоҳи «Каттақурғон»-и Округи ҳарбии марказии Ӯзбекистон бо иштироки воҳидҳои вазоратҳои мудофиаи Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон баргузор мегарданд, иштирок мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь