Шанбеи чоруми моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад.
Даври якуми фестивал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак то 18 март ва даври дуюм дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоят то 25 март ҷамъбаст мешавад. Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ то 1 апрел ғолибонро дар асоси санад, протокол, навори видеоӣ, албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Баргузории даври сеюми фестивал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маросими мукофотондани ғолибони он 25 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ғолибони фестивал аз рӯйи номинатсияҳои гулпарвар, гулгашт ва хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, деҳа, маҳалла, ҷамоати деҳот, ҷамоати шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояти беҳтарин муайян мешаванд.
Меъёрҳои муайян намудани ғолибони Фестивали гулҳо мувофиқи нишондодҳои низомнома шумораи гулзор, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб, сифати корҳои иҷрошуда, симо ва сифати роҳравҳои мавҷуда, будани ҷойҳои нишаст, ҳолати ободонӣ ва нигоҳубин, таъминот бо оби полезиро дарбар мегиранд.

«Сайри гули лола» дар Душанбе
Блоки рекламавӣ


