Як гурӯҳ сайёҳони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Малайзия аз Хона-музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, воқеъ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Аҷинатеппаи ноҳияи ноҳияи Вахш дидан карданд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни ин боздид меҳмонон бо ҳаёт ва осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин бо мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва таърихии ин абармарди илму маърифат аз наздик шинос гардиданд.
Гуфта шуд, ки ба сайёҳон намунаҳои нодири ашёҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва маводи осорхонавӣ муаррифӣ гардида, оид ба мақоми Мавлоно дар тамаддуни ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Меҳмононро намояндаи раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, мудири бахши фарҳанги ноҳия, ҳунармандон ва директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия ҳамроҳӣ намуда, зимни суҳбат ба аҳамияти рушди сайёҳии фарҳангӣ, муаррифии мероси миллӣ ва нақши ин Хона-музей дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар фарҷом, сайёҳон аз сатҳи нигоҳдошти Хона-музей, фазои маънавӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин боздидҳоро барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон сайёҳони хориҷӣ аз давлати Малайзия дар ин сафар ба Дайри буддоии Аҷинатеппа рафта, аз ин ёдгории таърихӣ дидан карданд.

Сайёҳони Малайзия дар Хатлон
Блоки рекламавӣ


