Бо фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант иваз карда шуд.
Сайдаҳмадзода Шуҳрат сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант аз вазифа озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Убайдулозода Сорбон роҳбари ин ниҳод таъин карда шуд.
Убайдулозода Сорбон то таъин шуданаш дар ин вазифа, дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард.
Сайдаҳмадзода Шуҳрат, бо фармоиши дигари Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати молияи ноҳияи Фархор таъин карда шуд.
Блоки рекламавӣ



